14 июл: ҳизбе, ки моро ба ҳам меорад

Суханронии Мишел Тарран, сафири Фаронса дар Тоҷикистон дар маросими рӯзи 14 июл

Муҳтарам вазир,
Сафирони муҳтарам,
Хонумон ва ҷанобон,
Дустони гиромӣ,

Ҳамроҳ бо ҳамсарам ва ҳамкоронам аз Сафорати Фаронса ба шумо барои қабули даъвати мо ва барои ташрифатон дар таҷлили Рӯзи миллии Ҷумҳурии Фаронса ташаккур мегӯям. Хушбахт аз онем, ки ин анъанаро пас аз ду соли танаффус бар асари пандемия, дар ин ҷо, дар меҳмонхонаи Серена бо шумо ҷашн мегирем. Бо истифода аз фурсат, ман барои ин истиқбол аз маъмурияти меҳмонхона миннатдорам.
Махсусан, ҳамватанони худ – намояндагони ҷомеаи хурди фаронсавӣ дар Тоҷикистонро истиқбол намуда, онҳоро бо Рӯзи миллӣ муборакбод мегӯям! Аз номи онҳо ба ҳозирини гиромӣ, махсусан ба Шумо – ҷаноби вазир, барои ташрифатон дар ин ҷашн, ки ҳукумати Тоҷикистонро намояндагӣ менамоед ва дар шахсияти Шумо ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва роҳбарияти ҳукуматро барои истиқболи самимӣ ва шароити хуби кору зиндагӣ, ки ба ҷомеаи фаронсавиҳо фароҳам овардаанд, ташаккур мегӯям.
***
Бисёриҳо фикр мекунанд, ки порлумони Фаронса соли 1880 санаи 14-уми июлро ба он хотир Рӯзи миллӣ эълон кард, ки 14-уми июли соли 1789 ба истилоҳ, “Фатҳи Бастилия” ба вуқуъ пайваста буд. Ин ҷашн, дар ҳақиқат, бештар аз ҷашни “Иди федератсия” сарчашма мегирад, ки як сол баъд, 14-уми июли соли 1790 даҳҳо ҳазор фаронсавиён аз ҳамаи гӯшаю канори Фаронса бо шодиву фараҳ гирди ҳам омада буданд. Ба ҷузъиёти ин воқеаи муҳим, ки, мутаассифона, дар таърихи Фаронса ба он кам аҳаммият медиҳанд, дахл накарда, ман, махсусан, мехоҳам диққати шуморо ба он чалб намоям, ки аз соли 1880 инҷониб мо, шаҳрвандони Фаронса, ин рӯзро ҳамчун рӯзи барқарор намудани ваҳдати миллӣ пас аз буҳрони аввалини инқилобӣ ҷашн мегирем: яъне, 14-уми июл барои мо рӯзи низоъ ва ихтилофҳо нест, баръакс, ин як Иди созиши тарафайн новобаста ба тафовутҳои ақидавӣ ва мансубияти иҷтимоӣ аст.
Сабаби сухани худро бо ин ёдоварии мухтасари таърихӣ оғоз намуданам он буд, ки мисли шумо, бешубҳа, фикр мекунам, ки мо имрӯз бояд аз ҳарвақта бештар лаҳзаҳои таърихии оштӣ ва бозсозиро ёд кунем, на ҳодисаҳои хушунат ва харобкориро. Чаҳоруним моҳ аст, ки ҷанг дар қитъаи Аврупо пас аз беш аз ҳафтод соли сулҳ дубора ба вуқуъ пайваст: дар Украина, кишваре, ки бо Фаронсаву Тоҷикистон ин қадар риштаҳои дӯстӣ дорад, даҳҳо ҳазор сарбозу ғайринизомиён кушта шуданд, бомбборонӣ ҳамарӯза шаҳрҳо ва маҳаллаҳоро аз харита нест карда истодааст, миллионҳо одамон маҷбур шудаанд, ки хонаҳои худро тарк намоянд. Ин барои мо мавзуи абстрактӣ ва дур нест: дар байни ин гурезаҳо бештар аз сад ҳазор нафарро дар Фаронса пазируфтанд. Ва чун дар тамоми ҷаҳон, Фаронса ва Тоҷикистон низ аз пайомадҳои иқтисодии ин ҷанги беадолатона ранҷ мекашанд ва боз дуру дароз ранҷ хоҳанд кашид.
Вақте ки мо 14-уми июли соли 1789 ё 14-уми июли соли 1790-ро ба ёд меорем, ҳамеша бар он андешаем, ки санаи 14-уми июл барои мо – фаронсавиҳо ва барои дӯстони мо таҷассуми бунёди демократия ва ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Фаронса ба ҳисоб меравад. Фаронса ҳамроҳ бо Иттиҳоди Аврупо, ки аз муассисони он ба шумор рафта дар нимаи аввали соли ҷорӣ онро роҳбарӣ намуд, дар саросари ҷаҳон пуштибонӣ аз ҳуқуқи инсонро як ҷузъи муҳимми фаъолияти дипломатии худ медонад, зеро итминон дорад, ки эҳтиром ба масъалаҳои бунёдии сиёсӣ ва иҷтимоӣ, бахусус, ҳуқуқҳои занон ва озодии матбуот барои рушди иқтисодӣ, шукуфоӣ ва оромии ҳар як кишвар зарур аст. Барои мо инҳо арзишҳои умумибашарӣ ҳастанд, на хусусияти фарҳангии баъзе кишварҳои Аврупо ё дигар кишварҳои алоҳида.

***

Сарфи назар аз пандемия, равобити Фаронса ва Тоҷикистон дар соли охир як давраи қобили мулоҳизаеро аз сар гузаронид. Пеш аз ҳама, албатта, мо бояд сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Париж, ки моҳи октябри соли 2021 сурат гирифт, зикр намоем, ки дар он ҷо ӯро бо эҳтироми зиёд истиқбол гирифтанд. Ин сафар, ки барои муддати тӯлонӣ тарҳрезӣ шуда буд, ҳамагӣ ду моҳ пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон сурат гирифт ва мақомоти Фаронса, албатта, ба таҳлилҳои президент Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзуъ таваҷҷуҳи хосса дошт, зеро барои кишвари шумо вазъият дар ин минтақа хеле муҳим аст. 25-уми августи соли 2021 Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзуъ телефонӣ суҳбат дошт. Дар пайи ин суҳбат бо назардошти он, ки мушкилоти марзии Тоҷикистону Афғонистон ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо дахл дорад, Фаронса дар барномаи таҳкими сарҳад таҳти сарварии САҲА саҳми махсусеро ҷудо намуд ва ман шахсан дар ифтитоҳи як давраи омӯзишӣ дар ин замина чанд рӯз пеш иштирок намудам.

Дар ҷараёни сафари расмӣ, Президенти Тоҷикистонро Раиси Сенати Фаронса низ ба ҳузур пазируфт ва баъдан аз ҷамъияти дӯстии Фаронса – Осиёи Марказӣ дар парлумон хост, то ки ба Тоҷикистон сафар дошта бошанд. Ҳамин тариқ, дар моҳи июни соли ҷорӣ мо як ҳайати сенаторонро истиқбол кардем, ки бо ҳамроҳии роҳбарияти қушунҳои сарҳаддӣ махсус ба сарҳадди Афғонистон дар Бадахшон сафар карда буд. Бо истифода аз фурсат, ман ба роҳбарияти қушунҳои сарҳаддии Тоҷикистон барои мусоидат ба ин сафар арзи сипос менамоям.
Муҳимтарин ҳадафи сафари Президенти Тоҷикистон ба Париж ифтитоҳи намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар осорхонаи Гиме буд. Ин аввалин намоише буд, ки комилан ба кишвари шумо дар осорхонаи миллии пойтахти кишвари аврупоӣ бахшида шуда буд. Тоҷикистон, дар ҳақиқат, дар соҳили дарёи Сена дар давоми се моҳ мавриди истиқболи гарму ҷӯшони меҳмонони сершумори осорхонаи Гиме қарор гирифта буд! Илова бар он, дар ҷараёни Намоишгоҳ бо кумаки сафорати мо дар осорхонаи Гиме ва Институти миллии забонҳо ва тамаддунҳои Шарқ, ки дар заминаи мактаби куҳанбунёд ва машҳури шарқшиносони фаронсавӣ таъсис ёфтааст, оид ба бостоншиносӣ,таърих, фарҳанг ва ҷомеашиносии Тоҷикистон семинарҳои омӯзишӣ ташкил шуда буданд. Ин намоишгоҳ имкони ҳамкориҳои воқеӣ дар соҳаи осорхонашиносӣ буд ва ҳоло он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад.
***

Соли 2022 таҷассумгари 30-cолагии барқароршавиии муносибатҳои дипломатӣ миёни Фаронса ва Тоҷикистон мебошад, ки мо онро рӯзи 4-уми март дар Театри опера ва балети ба номи Айнӣ бо консерти пианинонавози машҳур Франсуа Шаплан таҷлил намудем. Ин ҷашнро дар рӯзҳои наздик бо чопи се нашрия боз таҷлил хоҳем кард: Маҷмуаи мақолаҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои Фаронса ва Тоҷикистон дар тӯли сӣ сол, аввалин фарҳанги фаронсавӣ-тоҷикӣ, ки аз ҷониби устод Тӯйчибой Ҷумъаев таҳия гардидааст ва асари илмии «Чашмандозе ба забонҳои Тоҷикистон», ки аз тарафи гурӯҳи олимони фаросавӣ ва тоҷик омода шудааст.
Соли 2022 дар соҳаи маориф ва фарҳанг ду рӯйдоди муҳимро қайд кард: Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аввалин созишномаи ҳамкории байни донишгоҳҳои Фаронсаву Тоҷикистонро бо Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддунҳои шарқ дар Париж ба роҳ монд; дар Хучанд бо ташаббуси Муким Темуров аввалин Альянси Фаронсавӣ (дар Осиёи Миёна хафтум, дар ҷахон ҳаштсадсадум), маркази хурди фархангй, ки мақоми ассотсиативй дорад, кушода шуд, ва ман бори дигар уро бо ин муваффакият табрик менамоям. Инчунин метавон аз Анҷумани омӯзгорони фаронсавии Тоҷикистон ном бурд, ки рӯзҳои наздик ба Федератсияи умумиҷаҳонии муаллимони фаронсавӣ шомил мешавад ва Сафорат ҳамаҷониба онро дастгирӣ хоҳад кард. Албатта, Рӯзҳои Франкофония, Фестивали мусиқӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ҳамасола Маркази фарҳангии «Бохтар» баргузор менамояд, аз хотир намебарорем, ва мо бистсолагии мн марказро чанд моҳ пеш таҷлил кардем.
Соли гузашта низ баъзе пешравиҳои мусбӣ дар сафорат шуда гузаштанд: кӯчидан ба бинои истиқоматии наву васеъ ба ман ва ҳамсарам имкон дод, ки бисёре аз шумо, миссионерони зиёд ва таҷрибаомӯзонро дар он ҷо истиқбол намоем. Илова шудани Тоҷикистон ба ҳавзаи консулгарии Тошкант (ки пеш дар Нур-Султон буд) барои шаҳрвандони Фаронса ва барои хоҳишмандони раводиди дарозмуддат беҳбудии бузурге буд. Якчанд сардорони бахшҳои салоҳиятдор дар Тоҷикистон ҳоло низ дар Тошканд қарор доранд ва аз он ҷо метавонанд бештар ба мо ташриф оранд (атташеи ҳарбӣ, атташеи иқтисодӣ, атташеи ҳамкориҳои таълимӣ, консул).
***

Ин унсурҳои гуногун барои оянда имкониятҳои зиёдро фароҳам меоранд. Мехоҳам илова намоям, ки кӯшишҳои мо ҳоло барои таъсиси дигар шарикии академӣ нигаронида шудаанд. Бо Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Душанбе ва бо сафоратҳои фаронсавизабон дар Тоҷикистон аз дигар пойтахтҳои минтақа мо ҳамкориҳои худро ба манфиати Франкофония дар кишвари шумо таҳким хоҳем дод.
Якҷоя бо шарикони аврупоии худ мо инчунин дастгирии худро аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар зинаҳои аввал қарор дорад ва нақши он дар ҳама гуна раванди рушди демократӣ муҳим аст, афзоиш хоҳем дод.
Дар робита ба табодулот дар соҳаи иқтисодӣ, солҳои Ковид омадани намояндагони фаронсавиро ба бозор монеъ шуд ва мо албата бо ташкили ташрифи байналмилалии MEDEF онро рушд хоҳем дод. Бо вуҷуди ин, мо метавонем қайд намоем, ки новобаста ба ин мушкилот, гурӯҳи Шивер, ки бренди «Ашан»-ро дар ин ҷо муарифӣ менамояд ва ман барои дастгирӣ дар ҷашни имрӯза аз ӯ миннатдорам, якчанд мағозаҳои хурдеро бо номи Би-як кушоданд ва боз кушодани якчанд мағозаи дигарро ба нақша дорад. Инчунин мо умедворем, ки Thales ба зудӣ ба Душанбе бармегардад ва бо шарики боэътимоди тоҷики худ Тоҷикаэронавигатсия ҳамкориашро давом медиҳад. Мо инчунин умеди онро дорем, ки дар ояндаи наздик бо ташрифи ҳайати тадқиқотчиён дар соҳаи сайёҳӣ лоиҳаҳои ҳамкорӣ аз нав ба роҳ монда мешаванд.
Дар самти дигар, соли оянда бо ҳамкориҳои нав бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки маркази нави таълимии боҳашамати онро ба наздикӣ боз кардем қайд карда мешавад.

Пеш аз ҳама, мо ният дорем, ки муколамаи сиёсии худро бо Тоҷикистон ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи Аврупо таҳким бахшем. Тафовути байни системаҳои сиёсии мамлакатҳои мо бояд барои доштани мавқеъҳои умумй халалдор набошад, масалан, дар бобати эҳтиром кардани Устави Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида ва сохибихтиёрй ва бутунии территориявии давлатхо, ки мутаассифона, дигарон инро фаромуш кардаанд. Инчунин мо ба масоили муҳити зист ҳамфикрем ва Фаронсаву Тоҷикистон дар ин замина шарикони қавӣ мебошанд, ки ин ниҳоят метавонад имкон ба миён оварад то Ожонси рушди Фаронса ҳадди ақал дар заминаи лоиҳаҳои минтақавӣ фаъол бошад.
***
Узри маро бипазиред, ки суханрониям каме дароз буд, аммо хушбахтона ин шаҳодати он аст ки дар бораи равобити Фаронсаву Тоҷикистон гуфтанӣ зиёд аст ва ин суханоне буданд, ки тули 2 соли пеш натавонистем бирасонем… танҳо сухани охирин барои миннатдорӣ ба ҳамсарам , ки шаби гузашта аз Париж бо мақсади ин шом ҳамроҳи мо будан омад, ба тими ман, ки барои ин бегох муддати чанд ҳафта тайёрй дида буд, оркестри харбие, ки сурудҳои миллиро менавозанд, ҳуранмандон Шарл Батист ва Сафи Амани Бэнд ки ин бегоҳ барои хушҳолии мо дар инҷо ҳузур доранд.

Зинда бод Фаронса! Зинда бод Тоҷикистон! Зинда бод дустӣ миёни тоҷикону фаронсавиҳо

Подъем государственного флага в Марселе

Dernière mise à jour le : 19 juillet 2022