Ошноӣ бо Фаронса

Дар сомонаи France.fr шумо бо як қатор хатсайрҳои қаламрави ин кишвар, ки аз хатсайрҳои Аврупо фарқ доранд, тавассути минтақаҳо ва манзараҳо шинос хоҳед шуд : соҳилҳои он, кӯҳҳо, шаҳрҳо, деҳотҳо ва ҳатто қаламрави Фаронсаи д’утғ-мэғ.

Ин гуногунрангӣ ва анвоъи хизматрасониҳои пешниҳодшуда (нақлиёт, ҷойгиронӣ, чорабиниҳо, хӯрок) ҳамаи ниёзҳои шуморо қонеъ мегардонанд.
Пешниҳодҳои фарҳангиву тасвирӣ (пойтахти мӯд, дизайн, макони фестивалҳо ...), боигарии мероси таърихии он, аз он ҷумла тарзи ҳаёти фаронсавӣ (санъати таёр намудани таомҳои болаззат ва сайёҳати дегустатсияи шаробҳо), симои « Самт - Фаронса »-ро ташкил медиҳанд, ки ба маъруфияташ мусоидат менамоянд.
Дар Фаронса, мунтазам чорабиниҳои байналмилалӣ гузаронида мешаванд : Евро 2016 ё Ҷоми Ryder Cup дар соли 2018, ва мо ба гузарондани Бозиҳои олимпӣ дар соли 2024 ва Намоишгоҳи Умумиҷаҳонии дар соли 2025 умедворем.
France.fr ба ташкили будубоши шумо дар Фаронса кӯмак мерасонад. Ин сомонаро Atout France ва Агентии фаронсавии рушди туризм такмил медиханд. Он дар 17 забон, инчунин ба забони русӣ, мавҷуд аст.

Saint-Tropez
Saint-Tropez
Atout France / Robert Palomba
Alsace
Alsace
Atout France / Franck Charel
Corse
Corse
Atout France / Robert Palomba
Fête des Lumières, Lyon
Fête des Lumières, Lyon
Atout France / Maurice Subervie
Gastronomie
Gastronomie
Atout France / Nathalie Baetens

‹ précédent | suivant ›

Dernière modification : 25/08/2017

Haut de page