Президенти Ҷумҳурии Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар доираи сафари ӯ ба Фаронса 8 ноябри соли 2019 ба ҳузур пазируфт.

Президенти Ҷумҳурии Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар доираи (...)

Дар ҷараёни он Эмомалӣ Разҳмон дар Форуми сулҳи Париж низ иштирок кард.

Дар ҷараёни мулоқот президентҳо як қатор масъалаҳои марбут ба муносиботи дӯстонаи Фаронса ва Тоҷикистон, аз ҷумла, дастгирии моддиву техникиро ба нерӯҳои фаронсавӣ дар Афғонистон дар мудати 12 сол аз ҷониби Душанбе муҳокима карданд.

Президенти Ҷумҳурии Фаронса нияти Фаронса ва Иттиҳоди Аврупоро дар нақши фаъол бозидан барои ҳалли мушкилоти мубрами Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, тавассути иштирок дар гуррӯҳҳои корӣ, ки ҳамаи кишварҳои минтақаро муттаҳид мекунанд, ёдовар шуд.

Ҳамчунин, сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро ҷиҳати пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва дар самти мубориза бо терроризм ва тағирёбии иқлим, ки пеш аз ҳама ба Тоҷикистон таъсир мерасонад, таҳким бахшанд. Президенти Ҷумҳурии Фаронса аҳамияти риояи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои шаҳрвандиро дар доираи ислоҳоти кунунӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти озодии сухан таъкид кард.

Президенти Ҷумҳурии Фаронса инчунин ба густариши робитаҳои фарҳангӣ даъват кард. У лоиҳаи намоиши "Тоҷикистон - мамлакати дарёҳои тиллоӣ"-ро, ки соли 2020 дар Осорхонаи Гиме баргузор хоҳад шуд, дастгирӣ карда омодагии ҳарду кишварро ба саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкориҳои франкофонӣ ва академикӣ қайд намуд. Сарони давлатҳо ба пешрафти муносибатҳои ширкатҳои ҳарду кишвар, ки дар ҷараёни ин сафар ба даст омаданд, баҳои мусбат доданд.

Dernière mise à jour le : 14 novembre 2019
Retour en haut