Wine Explorers : Роҳ ба сӯи ангурбоғҳои Тоҷикистон - Фаронса дар Тоҷикистон

Wine Explorers : Роҳ ба сӯи ангурбоғҳои Тоҷикистон

Wine Explorers : Роҳ ба сӯи ангурбоғҳои Тоҷикистон

Чанде қабл ҷаноби Жан-батист Ансело, блогери маъруф, бунёдгузори Wine Explorers ва ҳамкору ҳаммуаллифи ӯ- Брейс Гарсин барои шиносоӣ бо вазъи токзорҳои Тоҷикистон, инчунин ошно шудан бо тарзи тавлиди шароб ва таҳияи гузориш аз ин бахш ба Тоҷикистон омаданд. Дар доираи ин боздид Сафири Фаронса дар ҶТ онҳоро ба ҳузур пазируфт.

Ҳадафи аслии Wine Explorers ба рӯйхат гирифтани истеҳсоли машрубот дар саросари олам буда, ин омор барои нахустин бор бояд нашр шавад. Маврид ба ёдоварист, миёни 90 кишвари тавлидкунандаи шароб Тоҷикистон дар мақоми 83-юм низ қарор дорад, ки масъулини Wine Explorers аз он дидан карданд.

Аснои боздиди эшон аз ҶДММ “Шаҳринав” (н. Шаҳринав), “Ғафуров” (ш. Хуҷанд) ва “Парандис” (н. Панҷакент), пажӯҳишгарон ба боғоту токзор, макони истеҳсоли шароб, тарзи тайёр намудани он шинос гардида, бо мутахассисони соҳа, кишоварзон ва масъулин, ҳамзамон бо журналистон мулоқот карданд. Табиист, ки ҷаноби Жан Батист Анселот ва ҳамроҳонаш таъму маззаи шароби тоҷикиро чашиданд ва аз таърихи пайдоиши тавлидоти шароб дар ҶТ огаҳӣ пайдо карданд.

Шаробпазӣ (истеҳсол ва тавлиди май) дар минтақа таърихи қадим дошта, аз замонҳои пеш маъруф аст. Поягузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдулло Ҷаъфари Рӯдакӣ ҳанӯз дар асри 9 дар бораи май (шароб) қасидаи “Модари май”-ро эҷод карда, осори Умари Хайём (асри 11), адиби оламшумули тоҷик низ моломол аз васфу сифати он аст. Беҳуда нест, ки мисраҳои шеърии ин шоирон дар зарфҳои бузурги нигаҳдошти шароб дар Шаҳринав ва Парандис ҳаккокӣ шудаанд.

JPEG - 1.3 Mo
Ҷойи нигаҳдории шароб дар Шаҳринав

Дар замони пойдории ИҶШС (СССР) истеҳсолу тавлиди шароб дар Тоҷикистон ба низоми махсус дароварда шуда буд. Шароити хуби ҷуғрофӣ, боду ҳавои мусоид, иқлими гарму офтобии Тоҷикистон имкон медод, ки сармоягузорӣ дар ин бахш рушд намояд ва коркарди ангур ба маҷрои муайян дарояд. Шароби тоҷикӣ бо сифати олии худ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хеле машҳур буд, хусусан шаробе, ки он аз ангури навъи Изабелла тайёр карда мешуд. Зимнан, шароби рассомон низ дар ҷумҳуриву берун аз он- дар Осиёи Марказӣ ва Русия маъмул буд.

JPEG - 1.5 Mo
Мозаикаи даврони Шуравӣ, ки тамаддуни шаробро дар Шаҳринав инъикос менамояд

Нахустин мушкилот ба ангурпарварони Тоҷикистон баъд аз ба сари қудрат омадани Михаил Горбачев ва қабули қарори мубориза алайҳи майзадагӣ (алкоголизм) ба вуқӯъ пайваст. Боғҳои ангур ба тадриҷ нест шудан гирифтанд ва майдони кишти пахта аз ин ҳисоб васеъ гардиданд. Корхонаҳои истеҳсоли май (шароб) ба буҳрон мувоҷеҳ гардида, заволи ин бахш оғоз ёфт. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, сармоягузорон аз сармоягузорӣ дар ин самт даст кашида, истеҳсоли шароб қариб ба нестӣ расонида шуд. Ҷанги шаҳвандӣ, ки иқтисоди Тоҷикистонро комилан тахриб кард, боис ба баста шудани заводҳои коркарди ангур гардид.

JPEG - 230.2 ko
Боздид аз токзори Шаҳринав (Ҷаноби Жан-Батист Анселот, оқои Мухамадаваз Саидов, муҳтарама Ясмин Гуедар,Сафири Фаронса дар Тоҷикистон ва ҷаноби Мухаммадюсуф Назаров).
Суратгир: © Brice Garcin

Ангурпарварони ва тавлидгарони шароб дар ноҳияи Шаҳринав то ҳанӯз барои бартараф кардани мушкилиҳои соҳа саъю кӯшиш менамоянд. Онҳо нияти дубора барқарор намудани шаъну шӯҳрати ангури минтақа ва шароби Шаҳринав, таҷдиди саноати нобудшударо доранд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ барои амалӣ намудани нақшаи ангурпарварон ва шаробсозон, барқарор сохтани иқтидори иқтисодӣ, рушди бахши сайёҳӣ онҳоро дастгирӣ менамояд. Президенти Тоҷикистон аз мутахассисон даъват кард, ки хатҳои истеҳсолии муосири истеҳсоли шаробро насб ва сифати истеҳсолотро беҳтар намоянд. Лоиҳаи «Роҳи Абрешими Шароб», ки дар барномаи рушди солҳои 2020-2030 дохил шудааст, аз Қафқоз то Осиёи Миёнаро дар бар мегирад. Тоҷикистон аснои табиқи ин тарҳ бояд муштаракан бо Арманистон, Гурҷистон ва Озорбойҷон саҳм бигирад.

Барои барқарор намудани саноат, боло бурдани ҳаҷми истеҳсолот, беҳтар намудани сифати шароб чун дар даврони «Асри тиллоӣ» корҳои зиёде дар пеш истодаанд. Мутахасисоне, ки мо бо онҳо суҳбат намудем, умедворанд, ки корҳои таҳқиқотии Wine Explorers дар ин роҳ метавонад таваҷҷуҳи корбаронро бештар карда, барои ҷалби сармоягузорон заминаи воқеъӣ гузорад.

JPEG - 1.4 Mo
Токзор дар Панҷакент

Барои идомаи сафар бо Wine Explorers :
http://www.wine-explorers.net/fr
https://www.facebook.com/WineExplorers
https://twitter.com/WineEXPLORERS (@WineExplorers)

Dernière mise à jour le : 21 décembre 2018
Retour en haut